40. Эй бани Исроил, (1) неъматеро, ки ба шумо арзонӣ доштам, ба ёд биёваред ва шукри Маро ба ҷо оваред. Ва ба аҳди Ман вафо кунед, то ба аҳдатон вафо кунам.(2) Ва аз Ман битарсед!
____________________
1. Яъне, зурриёти Яъқуб алайҳи-с-салом. (Тафсири Табарӣ 1 \ 553) 2. Яъне, аҳде, ки ба шумо кардам дар Таврот, баён кунед барои мардум, ки Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва саллам фиристодаи Аллоҳ аст ва ба ӯ ва ба он чи ки аз назди Аллоҳ овардааст, имон оред ва агар дар дунё чунин кардед, ба аҳдатон вафо кунам ва шуморо дохили биҳишт гардонам. (Тафсири Табарӣ 1 \ 557)