13. Пас, кадом як аз неъматҳои динӣ ва дунявии Парвардигоратонро (эй гурӯҳи ҷин ва инсонҳо) дурӯғ мешуморед?(1)
____________________
1. Чи хуб ҷавоб додаанд ҷинҳо ҳангоме, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) барои онҳо ин сураро тиловат мекарданд, пас ҳар вақте ки ин оятро мехонданд, ҷинҳо мегуфтанд: "Эй Парвардигори мо чизеро аз неъматҳоят дурӯғ намешуморем, пас аз они Туст ҳамд ва сано." Инчунин бояд банда ҳар вақте ки бар ӯ хонда шавад неъматҳои Парвардигораш онро иқрор кунад ва Парвардигорашро шукр ва сано гӯяд. Тафсири Саъдӣ 1/828