4.Ва маҳри занонро ба унвони ҳадя ба онҳо бидиҳед. Пас набояд дар додани он таъхир варзед ва набояд аз он чизе кам кунед. Ва агар бо ризоияти хотир чизе аз маҳри худ ба шумо бахшиданд, пас онро ҳалол ва гуворо бихӯред.(1)
____________________
1. Ва дар ин оят ишора шудааст, ки ҳар гоҳ зани мукаллаф маҳрашро талаб кунад, бояд ба вай пардохт шавад, зеро зан ба сабаби ақди издивоҷ молики маҳр мегардад. Тафсири Саъдӣ 1 \ 163