6. Ва ятимонро биёзмоед, то он гоҳ ки ба синни издивоҷ бирасанд, пас агар дар онҳо салоҳият дидед, амволашонро ба худашон бисупоред ва амволи онҳоро пеш аз он ки бузург (калон) шаванд, ба исроф ва шитоб нахӯред.(1) Ва ҳар кас ки тавонгар ва сарватманд бошад, бояд аз гирифтани ҳаққи (уҷраи) сарпарастӣ худдорӣ кунад. Ва ҳар кас, ки ниёзманд бошад, бояд
ба сурати писандида ва некӯ бихӯрад, пас вақте ки молҳояшонро ба онҳо супоридед, касонеро бар онҳо ба шоҳидӣ гиред дар вақти додани моли онҳо то шоҳидеро ихтиёр кунед ва Аллоҳ барои ҳисоб кардан кофист.
____________________
1. Яъне, дар хурдсолии онҳо


الصفحة التالية
Icon