12. Ва нимаи аз дороии ҳамсаронатон барои шумост, ба шарте ки фарзанде надошта бошанд, аммо агар фарзанде доштанд, пас аз чаҳор як ҳиссаи тарака моли шумост. Албатта пас аз анҷом додани васияте, ки бар он васият кардаанд, ё баъд аз пардохти қарзе ки бар гардани онҳост. Ва аз чаҳор як ҳисса дороии шумо моли онҳост, агар шумо фарзанде надошта бошед, вале агар фарзанде дошта бошед, аз ҳашт як ҳисса дороии шумо моли ҳамсаронатон аст. Баъд аз анҷом васияте, ки шумо ба он васият мекунед ва баъд аз пардохтани қарзе, ки бар ӯҳдаи шумост. Ва агар мард ё
зане, ки ба сурати калола (1) аз ӯ мерос дода мешавад, агар бародар ва хоҳаре дошта бошад (аз тарафи модар бо ҳам бародар на аз тарафи падар), барои ҳар яке аз онҳо аз шаш як ҳисса аст. Ва агар зиёд аз як нафар буданд, пас ҳама дар аз се як ҳисса шарик ҳастанд, баъд аз анҷоми васияте, ки ба он васият шуда ва пас аз адои қарзе, ки бояд пардохт шавад. Ба шарте ки ҳамон васият ё қарз барои меросхур зиёне надошта бошад Ин ҳукм аз ҷониби Аллоҳ аст ва Аллоҳ доно ва пурбардор аст.
____________________
1. Яъне, Марде фавт кард ва падару фарзанд надорад.