4. Ӯст, ки осмонҳову заминро ва он чи миёни онҳост дар шаш рӯз офарид. Сипас ба арши Худ ва болои ҳамаи халқаш истиво(1) ёфт. Ҳар чизеро, ки дар замин фурӯ меравад аз дона ва борон ва чизеро, ки аз замин берун меояд аз наботот ва зироатҳо ва ҳар чизеро, ки аз осмон фурӯ меояд аз борон ва ҳар чизеро, ки ба осмон боло меравад, аз фариштагон ва амалҳои бандагон медонад. Ва ҳар ҷо, ки бошед, бо илми Худ ҳамроҳи шумост ва ба ҳар коре, ки мекунед, биност ва бар он амалҳои неке, ки мекунед шуморо подош медиҳад!(2)
____________________
1. Ин сифат лоиқ ба ҷалол ва азаматии Ӯ мекунад ва сифатҳои Ӯ ба ҳеҷ махлуқоташ монандӣ надорад. Баёни ин сифат дар сураи Аъроф ояти 54 зикр шуд. 2. Тафсири Табарӣ 23\169


الصفحة التالية
Icon