10.   Ва чаро дар роҳи Аллоҳ нафақа намеқунед ва ҳол он ки аз они Аллоҳ аст мероси осмонҳову замин? Аз миёни шумо онон, ки пеш аз фатҳ шудани Макка нафақа кардаанд ва ба куффор ҷанг кардаанд, бо онон, ки баъд аз фатҳ нафақа кардаанд ва ба куффор ҷанг кардаанд, дар аҷру савоб баробар нестанд. Дараҷаҳои онон (гурӯҳи аввал) болотар аст, аз онҳое, ки баъд аз фатҳ ҷанг ва нафақа кардаанд. Ва Аллоҳ ҳар як аз ду гурӯҳро ваъдаи нек (ҷаннат) медиҳад. Ва Аллоҳ ба ҳар коре, ки мекунед, огоҳ аст ва чизе бар Ӯ пӯшида нест.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 23\177


الصفحة التالية
Icon