14.   Ва мунофиқон онҳоро (яъне, мӯъминонро) нидо диҳанд, ки оё мо дар дунё бо шумо ҳамроҳ набудем ва мисли шумо ибодат мекардем? Мӯъминон барояшон мегӯянд: «Бале, аммо шумо худро ба нифоқу маъсият дар бало афкандед ва ба марги паёмбар ва нобудии мусалмонон интизорӣ кардед ва ба рӯзи аз нав зинда шудани баъди мурдан дар шак будед ва орзуҳои дунё шуморо бифирефт, то он гоҳ ки фармони Аллоҳ (аҷал) даррасид ва фиребгарии шайтон дар фармонбардорӣ ба Аллоҳ фиребатон дод.(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 23\186


الصفحة التالية
Icon