19.    Ва касоне, ки ба Аллоҳ ва паёмбаронаш имон овардаанд ва миёни ҳеҷ яке аз паёмбаронаш фарқе наниҳоданд, онҳо сиддиқонанд(1).
Ва шаҳидон дар назди Парвардигорашон ҳастанд. Барои онҳост подошашон ва нурашон рӯзи қиёмат.
Ва онҳое, ки кофир шуданд ва оёти Моро дурӯғ шумориданд, на барояшон подош ва на нур аст, балки онҳо соҳибони ҷаҳаннаманд.
____________________
1. Сиддиқон он касонеанд, ки имонашон ба он чи ки паёмбарон овардаанд комил шудааст ҳам дар эътиқод, ҳам дар қавл ва ҳам дар амал.


الصفحة التالية
Icon