21.   Эй мардум, барои расидан ба сабабҳои омӯрзиши Парвардигоратон ба воситаи тавбаи насуҳ ва дурӣ аз гуноҳ ва ба биҳиште, ки васеъии он монанди васеъии осмонҳову замин аст, бар якдигар мусобиқа кунед.
Ин биҳишт барои касоне муҳайё шудааст, ки ба Аллоҳу паёмбаронаш имон овардаанд. Ин бахшоишест аз ҷониби Аллоҳ, ки ба ҳар кас бихоҳад медиҳад ва Аллоҳ соҳиби бахшоише бузург аст. (Ин оят далел аст; ки бе бахшоиш ва раҳмати Аллоҳ ва амали солеҳ ҳеҷ кас ба биҳишт ворид намешавад.)


الصفحة التالية
Icon