17. Ба дурустӣ Аллоҳ тавбаи касонеро қабул мекунад, ки аз рӯи нодонӣ кори бад анҷом медиҳанд, сипас зуд тавба мекунанд, пас Аллоҳ тавбаи эшонро қабул мекунад ва Аллоҳ ба халқи худ доно ва дар тадбиру тақдираш бо ҳикмат аст. (1)
____________________
1. Дар ин оят Аллоҳ мефармояд: Қабул кардани тавба, ҳаққест бар Аллоҳ ва Аллоҳ барои касе, ки аз рӯи нодонӣ гуноҳ кардааст, аз рӯи бахшиш ва бузургворӣ онро бар худ воҷиб гардондааст, то бандаашро бубахшад. Тафсири Саъдӣ 1\171