2.Аз миёни шумо касоне, ки занонашонро зиҳор(1) мекунанд, ҳамоно пеши Аллоҳ гунаҳгоранд ва мухолифати шариъат кардаанд, бидонанд, ки занонашон модаронашон нашаванд, балки ҳамсаронашон ҳастанд. Модаронашон фақат заноне ҳастанд, ки онҳоро зоидаанд. Албатта ин ашхоси зиҳоркунанда сухани дӯруғу нописанде мегӯянд, ки ҳақиқат надорад. Ва ҳароина, Аллоҳ аз баъзе гуноҳони содиршуда даргузаранда ва омӯрзанда аст. Ва он омӯрзиш ба тавбаи насуҳ аст.(2)
____________________
1. Дар ҷоҳилият мард занашро мегуфт: «Ту барои ман ҳамчун модарам ҳастӣ» ё мегуфт: «Пушти ту ҳамчун пушти модарам ҳаст» ва ин дар ҷоҳилият ҳамчун талоқ ба ҳисоб мерафт. Аллоҳ таъоло баён кард, ки ҳеҷ гоҳ зан дар баробари модар ба ҳисоб намеравад ва ин ҳукми зиҳорро бекор кард. Тафсири Табарӣ 23/228 2.Тафсири Саъдӣ 1/843


الصفحة التالية
Icon