4.        Пас ҳар касе, ки ғуломеро барои озод кардан наёбад, воҷиб аст бар вай ду моҳ пай дар пай (бе фосила) пеш аз ҳамхобӣ, рӯза бидорад, пас ҳар кӣ рӯза доштанро ба узри шаръӣ, натавонад, пас бояд шаст мискинро ба серӣ таъом диҳад. Ин ҳукмҳои зиҳоре, ки барои шумо баён кардем ба он сабаб аст, ки ба Аллоҳу паёмбараш имон биёваред ва корҳои давраи ҷоҳилиятро тарк намоед. Ва ин аҳкоми баёншуда ҳадди қонуни муқарраркардаи Аллоҳ аст, пас онро таҷовуз накунед. Ва барои мункирони ин ҳукм азоби дарднок аст!(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 23/234


الصفحة التالية
Icon