11.    Эй касоне, ки ба Аллоҳу Расулаш имон овардаед, чун шуморо гӯянд, дар маҷлисҳо ҷой васеъ кунед, пас ҷой васеъ кунед,
то Аллоҳ дар дунёву охират барои шумо васеъ кунад.(1) Ва чун гӯянд, ки бархезед, бархезед. Аллоҳ онҳоеро, ки имон овардаанд ва касонеро, ки ахли илм мебошанд ба дараҷаҳои баланди савоб ва мартабаҳои ризвон бардорад ва Аллоҳ таъоло ба корҳое, ки мекунед, огоҳ аст. Аз Ӯ чизе махфӣ намемонад ва мувофиқи он шуморо ҷазо медиҳад)!(2)
____________________
1. Яъне, дар корҳоятон кушоиш диҳад. 2. Дар ин оят баландмартабагии аҳли илм ишора шудааст. Тафсири Саъдӣ 1/846


الصفحة التالية
Icon