19.    Эй касоне, ки имон овардаед! Барои шумо ҳалол нест, ки занонро мерос гиред ва онҳо нохуш бошанд; ва онҳоро манъ накунед аз никоҳ бо ҳар ки хоҳанд, то баъзе он чиро ки ба онҳо додаед, ба даст оред; магар ин ки ошкоро кори бад бикунанд! Ва ба онҳо ба таври шоиста зиндагӣ кунед ва агар ҳам онҳоро намеписандед, пас шояд, ки шумо чизеро намеписандед ва Аллоҳ дар он хайр ва некии фаровонеро қарор медиҳад. (1)
____________________
1. Яъне, дар ҷоҳилият, ки ҳаргоҳ яке аз онҳо мемурд, бародараш ё амакбачаҳояш худро ба ҳамсари бародараш ҳақдортар медонист ва зани ӯро иҷозат намедод бо дигаре издивоҷ кунад, хоҳ он зан мехост ё намехост ва агар бародари шавҳар ё хешовандонаш он занро меписандид, вайро бо маҳри дилхоҳи худ ба ақди худ медаровард ва агар вайро намеписандид, ӯро таҳти фишор қарор медод ва ба акди каси дигар медаровард. Тафсири Саъдӣ 1 \ 172 ва Тафсири Табарӣ 8\ 104


الصفحة التالية
Icon