2.Ӯст он Аллоҳе, ки дар нахустин гирдиҳамоӣ (аз ҷазираи Араб ба сарзамини Шом) кофирони аҳли китобро, ки (онҳо яҳудони бани Назир буданд), аз хонаҳояшон берун ронд ва шумо (эй мусалмонон) гумон намебурдед, ки бо ин қуввату тавоноиашон хору залил шуда берун раванд. Ва онҳо гумон бурданд, ки қалъаҳояшон боздорандаи онҳо ҳаст, аз азоби Аллоҳ. Пас Аллоҳ аз сӯе омад, ки гумонашро намекарданд, (яъне, бар онҳо азоб овард) ва дар дилашон тарс афканд, чунон ки хонаҳои худро бо дасти худ ва бо дасти мӯъминон вайрон мекарданд. Пас, эй соҳибхирадмандон ибрат бигиред аз он чи ба онҳо рух дод!(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\848


الصفحة التالية
Icon