6.        Ва он чӣ Аллоҳ аз молҳои яҳудиҳои бани Назир ба паёмбари худ бозгардонда ва бахшидааст, пас бар он (амвол) на аспе тохтаед ва на шутуре(1) ва лекин Аллоҳ паёмбаронашро бар ҳар касе, ки аз душманонаш бихоҳад, ғолиб мегардонад, пас душманон барояшон бе ҳеҷ ҷанг таслим мешаванд ва Аллоҳ бар ҳар чизе қодир аст ва ҳеҷ чизе Ӯро нотавон карда наметавонад!(2)
____________________
1. Яъне, барои ба даст даровардани он молҳо ранҷ накашидаед. 2. Тафсири Табарӣ 23\275


الصفحة التالية
Icon