9. Ва касоне(1), ки пеш аз омадани муҳоҷирон дар диёри худ дар Мадина ҷой гирифтанд ва низ имон оварда буданд, касонеро, ки ба сӯяшон муҳоҷират кардаанд, дӯст медоранд ва дар амволу ҷойҳои худ онҳоро шарик месозанд.
Ва аз он чӣ дода шудааст аз ғаниматҳо дар дилҳои худ ба муҳоҷирон эҳсоси ҳасад ва ниёзмандӣ намекунанд ва онҳоро (яъне, муҳоҷирон ва ниёзмандонро) бар худ муқаддам медоранд, ҳар чанд худ (ансор) мӯҳтоҷ бошанд.
Ва касоне, ки аз ҳирсу бухли хеш дар амон монда бошанд, пас он гурӯҳ растагоронанд(2)!
____________________
1. Яъне, ансориҳо. 2. Тафсири ибни Касир 8\71