11.    Оё мунофиқонро надидаӣ, ки ба бародарони аҳли китобашон, аз бани Назир, ки куфр варзидаанд, мегуфтанд: «Агар шуморо Муҳаммад ва асҳобаш аз манзилҳоятон бадарға кунанд, мо низ бо шумо берун меоем ва ҳаргиз сухани касеро дар мавриди шумо итоъат нахоҳем кард ва агар бо шумо ҷангиданд, ҳатман, ёриатон мекунем». Ва ҳол он ки Аллоҳ гувоҳӣ медиҳад, ки ҳароина, мунофиқон дурӯғгӯ ҳастанд дар он чи ки ба яҳудиёни бани Назир ваъда додаанд.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 8\80


الصفحة التالية
Icon