16. Саргузашти мунофиқон бо яҳудиён дар бевафоӣ(1) монанди саргузашти шайтон бо инсон аст, ки куфрро дар нигоҳи вай ороста ва ба он даъват намудааст, чун ба одамӣ гуфт: «Кофир шав!» Чун кофир шуд, (шайтон) гуфт: «Ҳароина, ман аз ту безорам. Албатта, ман аз Аллоҳ Парвардигори ҷаҳониён метарсам!»(2)
____________________
1. Яъне, мунофиқон яҳудиёнро бар ҷанги Расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва саллам барангехтанд ва онҳоро ба ғалаба ваъда доданд, вале дар аҳди худ нопойдорӣ карданд. 2. Тафсири Ибни Касир 8\75