18.   Эй касоне, ки ба Аллоҳ ва расулаш имон овардаед ва ба шариъати Ӯ амал кардаед, аз Аллоҳ бо ба ҷо овардани амрҳояш ва дур будан аз манъкардаҳояш, битарсед.
Ва ҳар кас бояд бингарад, ки барои фардо рӯзи қиёмат чӣ фиристодааст. Аз Аллоҳ битарсед, дар ҳар фармудаҳо ва манъкардаҳояш, ки ҳароина, Аллоҳ ба корҳое, ки мекунед, огоҳ аст ва чизе аз аъмоли шумо бар Вай пӯшида нест!(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 23\299


الصفحة التالية
Icon