4.       Ҳароина, барои шумо эй мӯъминон, дар зиндагии Иброҳим ва касоне, ки ҳамроҳи ӯ аз мӯъминон буданд, сармашқи некӯест. Онгоҳ ба қавмашон гуфтанд: «Ҳароина, мо аз шумо безор ва дур ҳастем ва аз он чи ғайри Аллоҳ мепарстед аз ширку бутҳоятон ба шумо кофир ва мункир шудаем ва миёни мо ва миёни шумо ба таври ҳамеша душманӣ ва кина падид омад, модоме, ки бар куфри худ пойдоред, то ба вақте ки фақат ба Аллоҳ имон оваред,» магар дар ин сухани Иброҳим(1) ба падараш, (Озар гуфт,) ки ҳатман барои ту омӯрзиш талаб мекунам ва дар баробари Аллоҳ барои ту ихтиёри чизеро надорам: Парвардигоро! Бар Ту таваккал кардаем ва ба Ту рӯй овардаем ва бозгашти ҳама рӯзи қиёмат ба сӯи Туст(2).
____________________
1. Яъне, омӯрзиш талаб кардани Иброҳим алайҳиссалом дар ҳаққи падараш барои мӯъминон сармашқи некӯ нест ва ба ин сухани вай иқтидо кардан дуруст нест, зеро омӯрзиш талаб кардани Иброҳим алайҳиссалом дар ҳаққи падараш бинобар ваъдае буд, ки ӯ ба падараш дода буд, (аммо чун барои Иброҳим равшан шуд, ки падараш душмани Аллоҳ аст, аз вай безорӣ ҷуст). Сураи Тавба ояти 114 2. Тафсири Саъдӣ 1\854


الصفحة التالية
Icon