5. Ва баён кун ба қавмат эй Паёмбар, ҳангоме ки Мӯсо (алайҳис салом) ба қавми худ гуфт: «Эй қавми ман, чаро маро ба сухану кирдоратон меозоред, ҳол он ки медонед, ки ҳароина, ман паёмбари Аллоҳ фиристодашуда ба сӯи шумо ҳастам?» Чун дидаву дониста аз ҳақ рӯй гардониданд ва бар ин ҳолашон давомат карданд, Аллоҳ низ дилҳояшонро аз қабули ҳақ бигардонид.(1) Ва Аллоҳ мардуми нофармонро ҳидоят намекунад.
____________________
1. Ин уқубат ва ҷазое буд, ки худашон барои худ ихтиёр карда буданд. Тафсири Саъдӣ 1/859