24.    Ва занони шавҳардор бар шумо ҳароманд, магар заноне, ки онро асир гирифта бошед, ки бароятон ҳалоланд, инро Аллоҳ барои шумо муқаррар гардонид.
Ва ғайр аз инҳо низ занони дигар бароятон ҳалоланд ва метавонед бо молҳои худ занонеро биҷуед ва ба онҳо издивоҷ кунед, ба шарте ки покдоман бошанд ва худатонро аз зино дур кунед ва агар бо зане издивоҷ кардед ва аз ӯ баҳраманд шудед, пас бояд маҳри ӯро ба унвони фариза бипардозед ва баъд аз таъини маҳр гуноҳе бар шумо нест, дар он чи бо якдигар тавофуқ кунед. (1) Ҳамоно Аллоҳ ба кори бандагонаш доно ва дар аҳкому тадбираш бо ҳикмат аст.
____________________
1. Ин оят дар мавриди никоҳи мутъа аст, ки дар ибтидои ислом ҳалол буд, сипас Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам онро ҳаром гардонид. Тафсири Саъдӣ 1\174


الصفحة التالية
Icon