9. Эй касоне, ки ба Аллоҳ ва расулаш имон овардаед ва ба шариъати Ӯ амал кардаед, чун азони намози рӯзи ҷумъа гуфта шавад, ба сӯи зикри Аллоҳ ба гӯш кардани хутба ва адои намоз бишитобед ва хариду фурӯшро ва тамоми корҳое, ки шуморо аз он машғул месозад, тарк кунед. Агар бидонед, ин дастуроти фармудашуда бароятон беҳтар аст.(1)
____________________
1. Ин оят далолат бар воҷиб будани намози ҷумъа ва гӯш кардани хутба мекунад. Тафсири Табарӣ 23\384


الصفحة التالية
Icon