4.       Ва чун онҳоро бубинӣ, туро аз (тану ҳайъати) бадани онҳо хуш меояд ва агар сухан бигӯянд, (аз фасоҳати забонашон) ба суханашон гӯш медиҳӣ (ва ҳол он ки дилҳояшон аз имон холӣ аст). Гӯё, ки ҳаройина, онҳо (ақлашон дар илми нофеъ ва фаҳмиши ҳақ, монанди) чӯбҳое ҳастанд ба девор такя дода. (Аз сабаби донистани ҳақиқати ҳоли хеш ва буздилӣ ва тарсу ҳаросе, ки дар дилашон ҷой гирифтааст,) ҳар овозеро ба зиёни худ мепиндоранд. Онҳо (барои ту ва мӯъминон) душмани (ашаддии ҳақиқӣ) ҳастанд. Аз онҳо ҳазар кун. Аллоҳ онҳоро бикушад, (яъне, Аллоҳ онҳоро хор ва аз раҳматаш маҳрум гардонад)! чӣ гуна (аз ҳақ) каҷрав мешаванд (ба сӯи куфру нифоқ)?(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 23\396


الصفحة التالية
Icon