9. Рӯзе, ки ҳамаи шуморо барои рӯзи ҷамъ (рӯзи қиёмат, ки аввалин то охирин) гирд оварад, он рӯз, рӯзи тағобун(1) аст. Ва ҳар
кӣ ба Аллоҳ имон биёварад ва кори шоиста кунад, гуноҳонашро мебахшад ва ба биҳиштҳое, ки дар қасрҳои онҳо дарёҳо ҷорист, дохил кунад. Он ҷо ҷовидона хоҳад буд. Ин комёбии бузургест, ки ҳеҷ комёбии дигаре бо он баробар наметавонад шуд!(2)
____________________
1. Яъне, рӯзест, ки мӯъмин ва кофир аз ҳам ҷудо мешаванд, пас дар он рӯз мӯъминон кофирон ва фосиқонро зиён мерасонанд, сипас аҳли имон ба раҳмати Аллоҳ ба биҳишт медароянд ва аҳли куфр ба адли Аллоҳ ба дӯзах медароянд. 2. Тафсири Табарӣ 23\420.


الصفحة التالية
Icon