12. Эй мардум, Аллоҳро итоъат кунед дар он чи ба шумо фармудааст ва аз он чи шуморо манъ кардааст ва паёмбарро итоъат кунед дар он чи ба шумо аз ҷониби Парвардигоратон овардааст. Пас, агар аз тоъати Аллоҳ ва расулаш шумо рӯй гардонед, пас, ҳароина, ба фиристодаи Мо зараре нест аз рӯй гардонидани шумо, зеро барои ӯ ҳеҷ вазифае ҷуз расонидани паёми ошкор нест.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\867.