14. Эй касоне, ки ба Аллоҳ ва расулаш имон овардаед, ҳароина, баъзе аз занону фарзандонатон душмани шумо ҳастанд, ки шуморо аз роҳи Аллоҳ бозмедоранд ва аз тоъаташ суст мегардонанд. Аз онҳо ҳазар кунед ва онҳоро итоъат макунед. Ва агар афв кунед ва чашм бипӯшеду гуноҳашонро пӯшида доред, ҳароина, Аллоҳ омурзандаву меҳрубон аст гуноҳони шуморо меомӯрзад, зеро Ӯ бисёр бахшанда ва дорои раҳмати васеъ аст!(1)
____________________
1. Тафсири Табарӣ 23\425