16. То тавонед, эй мӯъминон саъю кӯшиш ва тавони тоқати худро дар тақвои Аллоҳ сарф намоед ва аз Аллоҳ битарсед ва ба Расули Аллоҳ саллаллоҳу алайҳи
ва саллам бо тадаббур ва тафаккур гӯш фаро доред ва дар амру наҳяш итоъат кунед ва аз он чи Аллоҳ рӯзӣ додааст шуморо ба манфиъати худ аз молатон хайр кунед. Ва онон, ки аз бухли нафси хеш дар амон мондаанд, растагоронд ба ҳар хайре ва дастёфтагонанд ба ҳар матлубе.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\868