10. Аллоҳ барои кофирон дар омезиш ва муошироти онҳо бо мусалмонон ҳеҷ фоидае надорад мисоли зани Нӯҳу зани Лутро меоварад, ки ҳар ду ҳамсари Нуҳ ва ҳамсари Лут алайҳимассалом дар никоҳи ду тан аз бандагони солеҳи Мо буданд ва ба он
ду хиёнат карданд, чунки он ду зан кофир буданд. Пас он ду паёмбар натавонистанд аз занони худ дафъи азоб кунанд ва барои он ду зан гуфта шуд: «Бо ҳамроҳи дигарон ба оташ дароед!»(1)
____________________
1. Дар ин оят далел аст бар ин ки ҳамнишин будан бо паёмбарон ва аҳли солеҳон чизеро фоида намедиҳад, агар бадкору беимон бошад.