12. Ва низ мисоли дигареро барои мӯъминон меорад, ки Марям духтари Имронро, ки шармгоҳи хешро аз зино нигаҳ дошт ва Мо аз рӯҳи Худ дар он дамидем. (Яъне, ба Ҷабраил фармон додем, то дар кисаи куртаи вай бидамад, пас он дам ба раҳми вай расид, ба Исо алайҳиссалом бордор шуд) Ва ӯ (Марям) калимоти Парвардигори худ ва китобҳояшро тасдиқ кард ва ба шариъате, ки бар бандагонаш муқаррар карда буд, ба он амал намуд. Ва ӯ (Марям) аз фармонбардорон буд.(1)
____________________
1. Тафсири Ибни Касир 8\173