32. Ва орзуи чизеро накунед, ки Аллоҳ бархе аз шуморо бо он аз бархи дигар бартарӣ додааст, барои мардон баҳрае аст аз он чи ба даст меоваранд ва барои занон баҳрае аст аз он чи ба даст меоваранд ва аз Аллоҳ фазли Ӯро биҷӯед, ҳамоно Аллоҳ ба ҳар чизе огоҳ аст. (Аллоҳ ба ҳар кас чизеро медиҳад, ки шоистагии бархӯрдории онро дорад. Ва неъматҳои худро ба касе намедиҳад, ки шоистаи он набошад.) (1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/176


الصفحة التالية
Icon