36.    Ва Аллоҳро ибодат кунед.
Ва дар офариниш ва ибодаташ чизеро бо Ӯ шарик қарор надиҳед. (Зеро Парвардигор на ширки хурд ва на ширки бузургро намепазирад. Ва набояд малоика ва паёмбар ва касе дигар аз офаридагонро, ки наметавонанд барои худ фоида ё зиёне биёваранд, бо ӯ шарик қарор дод,)(1) ва бо падар ва модар бо сухан, рафтору кирдор ва иззату эҳтиром ва бо мол некӣ намоед ва ҳуқуқашонро адо намоед. Ва бо хешовандон ва ятимон ва бечорагон ва ҳамсояи хеш ва ҳамсояи бегона ва ҳамнишини наздик ва мусофир ва канизон ва ғуломон низ некӣ кунед, ҳамоно Аллоҳ касеро, ки худписанд ва худсито бошад, дӯст надорад.
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/177


الصفحة التالية
Icon