38.     Ва касоне, ки молҳояшонро барои он хайр кунанд, ки мардум онҳоро бубинанд ва ситоиш кунанд ва онҳоро таъзим намоянд ва хайр ва бахшиши онҳо аз ихлос ва имони ба Аллоҳ ва умед ба подоши Ӯ сарчашма нагирифтааст, пас ин роҳи шайтон ва кори ӯст, ки гурӯҳи худро ба сӯи он даъват мекунад, то аз аҳли ҷаҳаннам шавад. Ва ҳар кас, ки шайтон ҳамроҳи ӯ бошад, бисёр ҳамроҳ ва ҳамдами баде аст, зеро мехоҳад вайро ҳалок кунад. (1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/178


الصفحة التالية
Icon