42.     Дар он рӯз онон, ки ба Аллоҳ ва паёмбараш куфр варзида ва аз паёмбараш нофармонӣ карданд, дӯст доранд ва орзу мекунанд, ки кош замин онҳоро фурӯ мебурд ва табдил ба хок мегаштанд ва нобуд мешуданд. Ва ҳеҷ суханеро аз Аллоҳ пинҳон намедоранд, балки ба ҳамаи корҳое, ки кардаанд, назди Аллоҳ эътироф мекунанд ва забон ва даст ва пойҳояшон аз корҳое, ки кардаанд, гувоҳӣ медиҳанд. (1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/179


الصفحة التالية
Icon