47.    Эй аҳли китоб! Имон оваред ба он чи Мо нозил кардаем аз Қуръон, ки тасдиқкунандаи чизҳоест, ки шумо бо худ доред. Пас ҳамон тавре ки онҳо ҳақро тарк гуфта ва ботилро ривоҷ доданд, ба сазое аз навъи корашон ҷазо дода шуданд ва чеҳраҳояшон маҳв гардид, ҳамон тавре ки онҳо ҳақро маҳв карданд. Ва баргардондани чеҳраҳояшон ба сурате буд, ки чеҳраи онон дар пушт қарор гирифт ва ин зишттарин сурат аст. Ё онҳоро лаънат кунем, ҳамон тавре ки ёрони шанберо лаънат кардем. (Яъне, онҳоро аз раҳмати худ дур намуд ва табдил ба маймун гардонд, ҳамон тавр ки Аллоҳ бо бародаронашон, ки дар рӯзи шанбе таҷовуз ва сарпечӣ карданд, чунин кард). Ва фармони Алдоҳ анҷом шуданӣ аст. (1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/181


الصفحة التالية
Icon