51.    Оё касонеро намебинӣ, ки баҳрае аз Китоб дода шудаанд?! Ахлоқи зишт ва палидашон ононро водор кард, то аз имон ба Аллоҳ ва паёмбараш рӯй бигардонанд ва ба ҷибт (бутон) ва тоғут (1) имон биёваранд. Ва ба кофирон мегӯянд: "Инҳо аз касоне, ки имон овардаанд, роҳёбандатаронанд". (2)
____________________
1. Имон ба ҷибт ва тоғут шомили ҳар ибодатест, ки барои ғайри Аллоҳ анҷом мешавад. Е ҳукм кардан ба ғайр аз он чи ки Аллоҳ машруъ намудааст. Пас сеҳр ва ғайбгӯӣ ва парастиши ғайри Аллоҳ ва итоати шайтон ҳама мисдоқе аз ҷибт ва тоғутанд
2. Тафсири Саъдӣ 1/182


الصفحة التالية
Icon