54.    Оё фаҳмиши суханашон ин аст, ки онҳо шарики Аллоҳ ҳастанд ва ҳар касро ки бихоҳанд ба ӯ бузургӣ медиҳанд ва фазл ва аторо ба ӯ мебахшанд? Ё ҳасад варзиданд ба Паёмбар ва мӯъминон бар он чи ки Аллоҳ аз фазли худ ба онон додааст? Ва он неъматҳое аз қабили паёмбарӣ ва китоб аст, ки Аллоҳ бар Иброҳим ва фарзандонаш арзонӣ дошт ва мулк ва подшоҳие аст, ки ба баъзе аз паёмбаронаш (монанди Довуд ва Сулаймон) бахшид. (Пас онҳо чи гуна неъматеро, ки Аллоҳ аз паёмбарӣ
ва пирӯзӣ ба Муҳаммад додааст, инкор мекунанд?!)(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/182


الصفحة التالية
Icon