60.    Оё таъаҷҷуб намекунӣ, аз касоне, ки даъво мекунанд ба он чи бар Паёмбар ва пеш
аз ӯ нозил шудааст, имон овардаанд, аммо бо ин вуҷуд мехоҳанд барои ҳукм кардан ба пеши тоғут бираванд ва ҳар кас ки ба ғайр аз он чи Аллоҳ машрӯъ намудааст, ҳукм кунад, тоғут аст, дар ҳоле ки ба онон дастур дода шудааст, ки ба тоғут куфр варзанд. (Зеро ҳақиқати имон он аст, ки фарди мӯъмин баробари қонуни Аллоҳ таслим шавад. Пас ҳар кас даъво кунад мӯъмин аст, аммо ҳукми тоғутро бар ҳукми Аллоҳ бартар ҳисобад, дурӯғ мегӯяд.) Ва шайтон мехоҳад онҳоро гумроҳ ва аз ҳақ бисёр дур намояд.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1\164


الصفحة التالية
Icon