73.    Ва агар ба шумо раҳмат ва фазле (яъне пирӯзӣ ё ғанимат ба даст овардан), аз ҷониби Аллоҳ бирасад, албатта ин мунофиқи ҳасадхӯр ҳасраткунон - чунон ки гӯӣ ҳаргиз миёни шумо ва миёни вай дӯстӣ набуда - мегӯяд: «Кош ҳамроҳи онҳо будам ва хеле баҳра мебурдам (1) ва ба муваффақияти бузурге даст меёфтам.
____________________
1. Яъне, орзу мекунад, ки эй кош дар ҷанг ширкат мекард ва аз ғаниматҳое ба даст омада баҳрае ба ӯ мерасид. Тафсири Саъдӣ 1\186


الصفحة التالية
Icon