75. Ва чист шуморо эй мӯъминон, ки дар роҳи Аллоҳ ва барои наҷоти бечорагон аз мардон ва занон ва кӯдакон ҷанг намекунед. Онон ки дар зулму ситами душманон дучор шудаанд ва онҳоро дигар чорае нест ба ҷуз аз Парвардигорашон, дуъо карда мегӯянд :"Эй Парвардигори мо! Моро аз ин шаҳр (Макка) ва сарзамине, ки сокинони он ситамгаранд, берун овар ва аз ҷониби худат барои мо сарпараст ва ёридиҳандае қарор бидеҳ"


الصفحة التالية
Icon