78.    Ҳар куҷо бошед, марг шуморо дар ҳар замон ва маконе дармеёбад. Агар чи дар қасрҳои маҳкам ва манзилҳои баланде бошед. Ва замоне, ки аз некӣ аз фаровонии мол ва фарзандон ва саломатӣ бархӯрдор бошанд, мегӯянд: Ин аз ҷониби Аллоҳ аст. Ва агар мусибат ва мушкилие бар онҳо бирасад ва дучори фақр ва беморӣ ва аз даст додани фарзандон ва дӯстон гарданд, мегӯянд:
Эй Муҳаммад (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)! ин ба сабаби чизе аст, ки ту пеши мо овардаӣ. Бигӯ: "Ҳама аз ҷониби Аллоҳ аст". Ин мардумро чи шудааст, ки ҳеҷ суханеро намефаҳманд ва ба фаҳмидани он наздик ҳам намешаванд.(1)
____________________
1. Тафсири Бағавӣ 2/252


الصفحة التالية
Icon