80.    Ҳар кас итоъати Паёмбар кард, ба ростӣ, ки итоъати Аллоҳ кардааст, зеро паёмбар амр ва наҳй намекунад, магар ба амри Аллоҳ ва ваҳйи Ӯ. Ва ҳар кас аз фармонбардорӣ ва итоъати Аллоҳ ва Паёмбараш рӯй бигардонад, фақат ба худаш зарар овардааст. Ва туро ба унвони нигаҳбон бар онҳо нафиристодаем, то нигаҳбони аъмоли онҳо бошӣ, балки туро фақат ба унвони баёнкунанда фиристодаем.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/189


الصفحة التالية
Icon