51. Ва неъматамонро, ки ба шумо арзонӣ намудем, ба ёд оваред, вақте ки Мо ваъда намудем ба Мӯсо чиҳил шаб барои фурӯд омадани Таврот, ки дар он ҳидоят ва нур аст барои шумо. Ва шумо дар муддати набудани Мӯсо фурсатеро ғанимат дониста, гӯсолаеро, ки бо дастони худ сохта будед, парастиш кардед ва ҳол он ки ситамгар будед.