88. Шумо (эй мӯъминон), чаро дар бораи мунофиқон ду гурӯҳ шудаед, ки барои шумо шоиста нест, дар мавриди онҳо дучори иштибоҳ шавед ва шак кунед? Ҳол он ки Аллоҳ онҳоро ба сабаби кирдори бадашон ва ба сабаби он чи анҷом додаанд, сарнагун сохтааст. Оё мехоҳед касеро ҳидоят кунед, ки Аллоҳ ӯро гумроҳ кардааст? Ва ҳар касро ки Аллоҳ аз динаш гумроҳ созад, барои ӯ роҳи ҳидоят нахоҳӣ ёфт.(1)
____________________
1. Тафсири Саъдӣ 1/191


الصفحة التالية
Icon