95.    Мӯъминони хонанишин, ки узре барои рафтан ба ҷиҳод надоранд, бо касоне, ки дар роҳи Аллоҳ бо мол ва ҷонашон ҷиҳод мекунанд, баробар нестанд. Аллоҳ касонеро, ки бо ҷону молашон ҷиҳод мекунанд, бар касоне, ки нишастаанд ва ба сабаби узрашон монеъи рафтан ба ҷиҳод шудаанд ва ба ҷиҳод нарафтаанд, бартарие қарор дода ва барояшон дар ҷаннат дараҷаҳои олиро баланд кардааст ва ба ҳар як ваъдаи некӯ додааст. Ва Аллоҳ муҷоҳидинро бар касоне, ки бознишастаанд, бо аҷри фаровон ва бузург бартарӣ додааст.


الصفحة التالية
Icon