97.  Ҳамоно касоне, ки бо нишастанашон дар дори куфр ва тарки ҳиҷрат бар худ ситам карданд, дар ҳоле, ки фариштагон ҷони ононро мегиранд, ба онҳо сарзаниш карда мегуянд: "Дар чи ҳол будед?" Мегӯянд: "Мо дар дунё нотавон ва ситамдида будем". Пас фариштагон мегӯянд: "Оё замини Аллоҳ васеъ набуд, ки то ба он ҳиҷрат кунед ва ба дигар замин берун равед ва динатонро дар амон нигоҳ доред?" Пас ҷойгоҳи
ин гуна касон ҷаҳаннам аст ва чи бад ҷойгоҳ ва чи бад саранҷоме аст!


الصفحة التالية
Icon