100.   Ва ҳар кас дар роҳи Аллоҳ тарки ватан кунад, иқоматгоҳи зиёд ва кушоиш (1) дар замин хоҳад дид. Ва ҳар кас ки аз хонааш берун равад ба сӯи Аллоҳ ва паёмбараш ва ҳадафаш аз ҳиҷрат, Аллоҳ ва хушнудии вай ва муҳаббати паёмбар бошад ва ҳадафи дигар надошта бошад, сипас марг ӯро дарёбад, ба ростӣ, ӯ савоби муҳоҷирро ба даст овардааст. Ва Аллоҳ ба бандагонаш омӯрзгор ва меҳрубон аст.(2)
____________________
1. Дар масолеҳи дин ва дунё. 2. Тафсири Саъдӣ 1/196


الصفحة التالية
Icon