102.   Ва чун вақти хавф дар байни мӯъминон бошӣ, пас эй Муҳаммад (саллалоҳу алайҳи ва саллам) бигзорӣ барояшон намозро, гӯруҳе аз онон бояд ба ту иқтидо кунанд ва бо худ силоҳро бигиранд ва чун ба саҷда раванд (яъне як ракъат хонанд), пас гурӯҳи дигар дар муқобили душман биистанд ва гурӯҳе дигар, ки дар баробари душманон истода буданд ва намоз нахондаанд, биёянд ва бо ту намоз бихонанд, бояд, ки бо худ
зиреҳу сипару силоҳи худро бигиранд. Кофирон дӯст доранд, то шумо аз аслиҳа ва матоъҳоятон ғофил шавед ва онгоҳ якбора бар шумо ҳамла кунанд. Ва гуноҳе нест бар шумо, агар бошад шуморо ранҷе аз борон ё бемор бошед, то аслиҳаи худро бар замин бигзоред, аммо бояд эҳтиёт ва омодагӣ дошта бошед. Ҳамоно Аллоҳ омода кардааст барои кофирон азоби дарднокро. (1)
____________________
1. Ин оят ба он далолат мекунад, кӣ намози ҷамоъат воҷиб аст. (Тафсири Саъдӣ 1/198)


الصفحة التالية
Icon